боҷуръат — [باجرأت] 1. ҷуръатнок, далер, шуҷоъ: одамони боҷуръат, боҷуръат будан 2. далерона, нотарсона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҷуръат — [بجرأت] ниг. боҷуръат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҷуръат — [بي جرئت] он ки ҷуръат надорад, буздил, тарсончак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҷуръатӣ — [بي جرئتي] беқатъиятӣ; буздилӣ, тарсончакӣ: беҷуръатӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боҷуръатӣ — [باجرأتي] ҷуръатнокӣ; нотарсӣ; ҷасорат, далерӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
камҷуръат — [کم جرأت] камҷасорат, тарсончак, тарсу … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
далер — [دلير] диловар, шуҷоъ, ҷасур, шердил, нотарс; боҷуръат; далер кардан касеро шердил кардан касеро, қуввати дил додан ба касе; далер шудан бебок шудан, ҷуръат пайдо кардан; худро далер гирифтан тарсро ба худ роҳ надодан; худро ба даст гирифтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
далерӣ — [دليري] диловарӣ, шуҷоат, ҷасорат; мардонагӣ, нотарсӣ, ҷуръат: далерию мардонагӣ нишон додан; далерӣ кардан (намудан) а) шуҷоату мардонагӣ нишон додан; б) ҷуръат кардан ба коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забон — [زبان] 1. узви дохили даҳон, ки барои ба гулӯ фурӯ додани ғизо, донистани таъм ва инчунин дар инсон барои нутқ хизмат мекунад 2. маҷмӯи воситаҳои овозӣ ва луғавию дастурӣ, ки натиҷаи кори тафаккурро инъикос намуда, алоқа ва мубодилаи афкори… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ